Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампфро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Дорис Хертрампфро бобати таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олии дипломатӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти иқтисодӣ тақвияти тоза касб хоҳанд кард.
Зеро дар марҳилаи рушди муносибатҳои дуҷониба, ки аз мароми Роҳбарияти олии мамлакатҳо сарчашма мегиранд истифодаи потенсиали воқеӣ, ки бархӯрди ҳадафҳои тарафайнро ҷавобгӯ бошанд, ба таври дилхоҳ анҷом нагирифтааст. Итминон аст, ки баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, дар партави сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин равобит Парламенти Тоҷикистон, қабл аз ҳама Маҷлиси миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки гурӯҳи дӯстии парламентиро барои густариши равобити байнипарламентӣ таъсис диҳад.
Хонум Дорис Хертрампф аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвият ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати ин ҷониб бо Парламенти Аврупо тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.
Муло
қ
от дар фазои
ҳ
усни тафо
ҳ
ум ва созанда ба итмом расид
. Дар ин бора
ёвари Раиси Ма
ҷ
лиси миллии Ма
ҷ
лиси Олии
Ҷ
умҳурии
То
ҷ
икистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлат
ӣ Шавкат Саидов хабар дод.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста