Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси ҷумҳурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, «Дар бораи дароз намудани мӯҳлати баррасии қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»-ро муҳокима намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро оид ба лоиҳаҳои ислоҳот ба қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»
табодули назар намуданд.



Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста