Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо боздид аз шаҳри Лвов шурӯъ гардид.
Тибқи иттилои мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Лвов, дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин шаҳр дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии вилоят ва Шӯрои вилоятии Лвов дар назар аст. «Ғайр аз ин, сарвари давлати Тоҷикистон дар ин шаҳр қабри бародараш – Файзиддин Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ба таври фоҷеанок ҳангоми адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳалокат расидааст, зиёрат хоҳад кард», - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Пагоҳ дар пойтахти Украина – шаҳри Киев қисмати расмии маросими сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина оғоз мегардад. Дар чаҳорчӯбаи сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Юшенко, саравазир ва раиси Радаи Олии ин кишвар доир мегардад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз шаҳри Харков низ боздид хоҳад кард.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста