Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон меравад.

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мулоқоти мазкур бо ташаббуси президенти Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев доир мегардад.

Ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар мулоқот ширкат нахоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.