Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.
Дар нота, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, оноо мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-
capital
» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».
Дар нота гуфта мешавад, ки як қатор нашрияҳои тоҷикӣ (СССР, «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж») дар мақолаҳои худ бахшида ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо ба иттилооти таҳрифшуда, балки ба гуфтори носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати он роҳ медиҳанд. Дар идомаи нота ҳамчунин гуфта шудааст: «Чунин падидаҳоро мо комилан номақбул мешуморем. Кӯшишоти ҷиноёти аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон содиршударо чун қисмате аз сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Русия ба қалам додан, ба ҷуз фиреби ҳадафмандонаи ҷоеаи тоҷикистониён, чизи дигаре нест. Нашрияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон пайгирона талош меварзанд, симои Русияро чун душмани мардуми тоҷик муаррифӣ созанд, ки ин аслан мухолифи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус аст».
«Мо умедворем, ки ҷиҳати доман паҳн накардани табъу нашри чунин мавод дар васоити ахбори умуми кишвар бидуни таъхир чораҳо андешида хоҳанд шуд», - қайд шудааст дар нота.



Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста