Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баргузор гардид.

            Дар ҷаласа бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар робита ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 553 аз 31-уми октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти    давлатии   Ҷумҳурии    Тоҷикистон», ки тибқи он баҳри омодагиҳои арзанда маъракаи 900-рӯзи ободонӣ дар қаламрави шаҳр эълон гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 25-уми декабри соли 2008 солҳои 2009-2011 идомаи Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ муқаррар шудааст, даъват ба миён овард, ки нақшаи кори ҳар субъекти дар қаламрави шаҳр фаъолияткунанда ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо мушаххас карда шавад.

            Бобати тақвияти нақши институти ҷамъиятӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи риояи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинии сокинони пойтахт муқаррар карда шуд, ки моҳҳои январ, феврал ва март интихоботи озоду кушоди раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо доир карда шавад.

            Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масоили   риояи қонунгузории кишвар оид ба танзими расму оинҳо фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо дастур дод, ки ҷиҳати камхарҷии маъракаҳои расму оинӣ назоратро пурзӯр намоянд.

           Дар ҷаласа вобаста ба таҷлили сазовори Соли нави мелодӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар ин самт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастур гардид, ки дар мавзеъҳои баргузории чорабиниҳои марбута баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокдорон тамоми чораҳои заруриро аз рӯи вазифаҳои таъинотӣ пиёда созанд ва аз меҳмонону сокинони шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки дар чорабиниҳои идона бо дарки масъулият ва риояи одоби баланди шаҳрвандӣ ширкат варзанд.

           Муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф сохт, ки дар арафаи Соли нав иҷроиши Қарори дахлдори Раиси шаҳрро, ки бо мақсади дастгирии моддии иштирокчиёни ҶБВ, хона-интернатҳои пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, муаассисаҳои иҷтимоии шаҳр, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюбон зиндагӣ мекунанд, қабул гардида, ба ҳар кадоми онҳо, ки дар маҷмӯъ 550 нафарро ташкил медиҳанд, расонидани кӯмакпулии якдафъинаро ба маблағи 160 сомонӣ таъмин созанд.

              Дар фарҷоми ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев дар симои раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо тамоми душанбегиён ва масъулину фаъолони шаҳрро бо фарорасии Соли нав сидқан шодбош гуфта, дар иҷрои нақшаҳои созанда дар соли 2009, ки баҳри ободии пойтахт нигаронида шудаанд, муваффақиятҳо орзу кард. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод.