Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Пш аз оғози соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат барои пешрафту тараққиёти иқтисодии кишварҳо ва таҳкими муносибатҳои   дӯстиву ҳамкорӣ миёни онҳо ҳамаи имкониятҳои муфид самаранок истифода хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки охирҳои моҳи январ ё аввали феврали соли 2009 як мулоқот анҷом диҳанд ва ба густариши   минбаъдаи   муносибатҳои ду давлат   такони тоза бахшанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.