Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои ахири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, миёни онҳо Қонунҳои ҶТ «Дар бораи қабул ва дар амал ҷорӣ сохтани Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қодекси ҷиноии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи райъпурсӣ» ва ғайра ҷой доранд.
«Қобили зикр аст, ки Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ маҷмӯи асноди меъёриву ҳуқуқии нав буда, бо назардошти талаботи имрӯзаи ҷомеа қабул шудааст, зеро кодекси амалкунандаи қаблӣ ҳанӯз соли 1985 қабул гардида буд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки Кодекси нав аз 1-уми апрели соли 2009 мавриди амал қарор мегирад.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста