Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» коршинос Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ворид гаштани кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайримеъёрӣ талаби даврау замон аст. «Ман бар чунин назарам, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир мегардад, сарвазири кишвар – Оқил Оқиловро ба нафақа гусел намуда, дигар ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ҳайати ҳукумат сурат нахоҳад гирифт», - мегӯяд коршинос.
Тибқи пешгӯиҳои Ф.Саидов, ба мансабҳои муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, кишвоарзӣ ва молия шахсони нав таъин карда мешаванд. «Бӯҳрони кунунии молӣ тақозо дорад, ки ба сохтори иқтисодии кишвар бояд кадрҳои дорои андешаи ғайримеъёрӣ ворид гарданд», - изҳор дошт ӯ.
Ба назари Ф.Саидов, ба вазифаи сарвазир мутахассиси ҷавони соҳаҳои иқтисод, молия ва комплекси агросаноатӣ таъин шуда метавонад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста