Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метлан Пелен ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо, ки бо мақсади дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани техника барои амалиёти зидиитеррористӣ дар Афғонистон фаъолият доранд, зиёд намекунад. «Соли ҷорӣ шумори нерӯҳои низомии Фаронса дар Афғонистон афзун мегардад, вале фурудгоҳи Душанбе макони хизматрасонии техникӣ боқӣ мемонад, - гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар Тоҷикистон шумори техникаи хизматрасон зиёд карда шавад, вале шумори хизматчиёни ҳарбӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд».
Дар шарҳи масъалаи татбиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминал дар фурудгоҳ, сафир зикр кард, ки феълан ҷузъиёти ахири оғози сохтмон мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони иншооти мазкур Фаронса ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи 18 млн. Евро бурс ҷудо намояд.



Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста