Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни боздиди ҳайати давлати Қатар аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири ҳамкории байнулмилалии ин кишвар, ки дар таърихи 16-уми январ сурат хоҳад гирифт, дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни боздид дидору гуфтушуниди ҳайати Қатар бо президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ дар назар аст.
Интизор меравад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо амалисозии қарордодҳои тасвибгардида зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва амири Қатар Ҳамад бин Халифа Ал Танӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар дар давраи моҳҳои январ-ноябр 138,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ҳамаи он ба молу маҳсулоти воридотӣ аз Қатар рост меояд.



Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста