Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар кори нишастҳои ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳад варзид.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти мамлакат бо шумули кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву вазоратҳо ва намояндагони ВАО озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. «Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, минбаъд низ дар фаъолияти созмонҳое чун СААД ва ЕврАзЭС саҳми муносиб дошта бошад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯзи ахир як қатор васоити ахбори омма бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани сафарҳои сарвари давлат дар даҳаи аввали моҳи феврал матолиб интишор сохта буданд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста