Душанбе. 3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон рӯзи 10-уми март ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) озими пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон мегардад.

Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки дар чаҳорчӯбаи сафар сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 7-8-уми март дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи коршиносону мутахассисони созмон ва рӯзи 9-уми март вохӯрии вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмон доир мегардад. Дар таърихи 11-уми март нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад ва дар он баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви созмон дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад гирифт.