Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум, даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни шарҳу тафисри қонуни мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ки бинобар зуҳури падидаҳои тундгароӣ ва ҷараёнҳои барои мардуми кишвар бегона дар ислом зарурат пеш омад, ки тарҳи нави қонун омода гардад.
Ба гуфтаи М.Асрорӣ, тарҳи қонуни мазкур муддати ду сол таҳия гардида, дар омодасозии он коршиносони тоҷик, рӯҳониёни маъруф, намояндагони аҳзоби сиёсиву ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони САҲА саҳм гирифтанд.
Тибқи маълумоти вазири фарҳанг, айни замон дар кишвар 18 муассисаи таълимии динӣ ва ҳудуди 3 ҳазор масҷид амал мекунад, ки 259-тои он масҷиди ҷомеъ аст ва ҳамаи онҳо чун пайравони ҷараёни ҳанафия дар ислом ба қайд гирифта шудаанд. «Аз ин рӯ, мо пешниҳод месозем, ки ҷараёни мазҳабии «Ҳанафия» дар Тоҷикистон равияи расмии динӣ эълон карда шавад», - гуфт М.Асрорӣ.
Вазири фарҳанги кишвар зикр намуд, ки зимни омодасозии тарҳи қонун пешниҳоду тавсияҳои лоиҳаи пешниҳодгардидаи ин қонун аз ҷониби намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон Маҳмадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ низ ба эътибор гирифта шуданд.
Намояндагони мардумӣ лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, бидуни баҳсу мунозираи тӯлонӣ онро маъқул шумориданд.



“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста