Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи додани хун ва ҷузъиёти он»-ро маъқул шуморид.
Зимни шарҳу тафсири қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов изҳор дошт, ки қонуни қаблӣ ҳанӯз соли 1993 қабул гардида, ба воқеияти муосир ҷавобгӯ нест.
Намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов қайд кард, ки дар қонуни қаблӣ моддае мавҷуд буд, ки тибқи он ба хориҷи кишвар баровардан ва фурӯши хун ва ҷузъиёти он манъ гардида буд, вале ба лоиҳаи нави қонун ин модда ворид нагаштааст.
Ҷумъабой Сангинов зикр намуд, ки дар давоми мавҷудияти қонун аз соли 1993 ягон ҳодисаи ба хориҷи кишвар баровардани хуни имдодӣ (донорӣ) ва ҷузъиёти он ба қайд гирифта нашуда, моддаи мазкур чандон муҳим нест.
Дар навбати худ Ю.Аҳмедов гуфт, акнун касони зиёде аз набудани ин модда дар қонун истифода бурда, метавонанд хуни имдодӣ ва ҷузъиёти онро ба хориҷи кишвар бароранд. «Ман пешниҳод месозам, ки хуни донорӣ ва ҷузъиёти он сарвати миллӣ эълон гардида, ба хориҷи кишвар баровардани он мамнӯъ эълон карда шавад», - гуфт вай.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аксари намояндагони мардумӣ дастгирӣ ёфт.



Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста