Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 22-юми май ба кор шурӯъ мекунад, ба шаҳри Остона рафт.
Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазирро дар ин сафар вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва як қатор роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.
Мувофиқи маълумоти ВАО-и Қазоқистон, нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Остона 18 лоиҳаи санадҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Масъалаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи аввали Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 дар меҳвари рӯзномаи ҷаласа қарор хоҳад дошт.



Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста