Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз мансаби Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардида, ба вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони кишвар таъин карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ин мансабро Зариф Ализода, ки чанде пеш ба вазифаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон таъин гардид, ишғол мекард.
Ҳамчунин бо фармони президент Рустам Менглиев муовини аввали роҳбари Дастгоҳи сарвари давлат, Раҳимов Маҳмад директори Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Саидов Фаттоҳ
д
иректори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин карда шуданд.
Тибқи иттиои расида ба ОИ «Азия-Плюс», мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҶТ, Шералӣ Сабзов сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Ғайр аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод гаштаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла генерал-лейтенанти милиса Шералӣ Сабзов барои таъин шудан ба вазифаи Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва 6 нафар ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва шуъбаи корҳои дохилӣ дар истгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод шудаанд.
Президенти мамлакат зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва вобаста ба маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва ҷасорату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ ҳидоят намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста