Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи и ҷ рои Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати кор ӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии нати ҷ аҳои сафари Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон ба шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия, рафти   и ҷ рои бу ҷ ети давлат ӣ , чамъоварии маблағи истифодаи барқу газ, гузаштан ба лампаҳои каммасраф, ҷ амъоварии   беталафи ҳосили ғалла ва меваю сабзавот баррас ӣ шуд.

Сарвари давлат дастур дод, ки барои татбиқи амалии нати ҷ аҳои сафари ӯ ба Русия ва мулоқотҳои ан ҷ омдодааш, хусусан вох ӯ р ӣ бо то ҷ икону то ҷ икистониёни муқими Русия нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад.

Оид ба соҳаи кишоварз ӣ супориш дода шуд, ки ба деҳқонон барои ҷ амъоварии беталафи ҳосили фаровони   ғалладона к ӯ мак расонда шавад ва барои пешгир ӣ аз с ӯ хтори ғаллазор чораҳои зарур ӣ андешида шаванд.

Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки оид ба и ҷ рои бу ҷ ети давлат ӣ ва таъмини саривақтии маошу нафақа чораҳои муассир андешанд. Дар ин бора азхадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.