Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо аз 12 то 14-уми июл бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Фаронса дар ҶТ, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар Душанбе аз номи Шветсия таъмин месозад, хабар доданд.
Дар сафорат изҳор доштанд, ки дар ҷараёни сафар ҳайат бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, муовини аввали вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо директори вазорати умури хориҷии Шветсяи Жан Ниберг, сафири Шветсия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон Ганс Олсон, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабини, сафири Испания дар Қазоқистон Алберто Антон Кортес шомил мебошанд. Шӯрои Аврупоро дар ҳайат намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Пйер Морел, мушовирони сиёсӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Татяна Левсева ва Байба Алексежука намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳайат муовини роҳбари гурӯҳ оид ба Осиёи Марказӣ Томас Фрезелен ва ваколатдори муваққатии умури ИА дар Тоҷикистон Шарлот Андриэн Комиссияи Аврупоро намояндагӣ мекунанд.
Дар сафорати Фаронса дар ҶТ ҳамчунин гуфтанд, пас аз анҷоми сафари ҳайати мазкур баргузории нишасти хабарӣ дар назар аст.



“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста