Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда ба шаҳри Шармул-ул-Шайхи Миср рафт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлатро дар ин сафар вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. «Дар чаҳорчӯбаи ширкат дар кори нишаст сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои давлатҳо – иштирокчиёни нишаст дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод», - афзуданд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 118 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.



Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста