Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон дар назар аст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, сарвари давлати Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмӣ
ва сарони кишварҳои Русияву Афғонистон бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд. «Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай баррасии масъалаи васли шабакаҳои нақлиётӣ, мухобиротӣ ва энергетикии Русияву Тоҷикистон бо Покистону Афғонистон ба нақша гирифта шудааст», - гуфт Д.Назриев.
Тибқи маълумоти ВКХ ҶТ, дар баробари масоили дигар, ҳамчунин ҷараёни корҳои амалисозии лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо низ баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи
CASA
100 оид ба сохтмони хати интиқоли барқи минтақавӣ бо арзиши 680 млн. $ аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маъқул шуморида шуда, он имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул ва минтақаи шимолу ғарби Покистон интиқол дода шавад. Созишномаи таҳияи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ 100
(Central Asia-South Asian-1000 ё CASA-1000) ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо аввали моҳи август зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи Бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (
CASAREM
) дар Исломобод ба имзо расида буд.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста