Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 28-30-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия доир мегарданд.
Пагоҳ, 28-уми июл президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари серӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.
Бино ба гуфтаи роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев, субҳи рӯзи 29-уми июл нахуст мулоқоти як ба яки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир гардида, сипас гуфтушуниди ҳайати васеъи кишварҳо баргузор мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла изҳороти муштарак дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар назар аст», - гуфт ӯ.
Д.Назриев изҳор дошт, ки нимаи дуввуми рӯзи 29-уми июл президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, худи ҳамон рӯз бо сарвари давлати Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, ташрифи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рӯзи 30-юми июл пешбинӣ шудааст. Шоми ҳамон рӯз Д.Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, рӯзи 31-уми июл иштироки ӯ дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба нақша гирифта шудааст.
Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.



Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста