Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар намояндагони мардумӣ тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи суди конститутсионӣ», «Дар бораи Ваколатдори хуқуқи инсон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси гумруки Тоҷикистонро маъқул шумориданд ва мутобиқи он, минбаъд барои ишғоли мансаб дар мақомоту идораҳои дар боло зикршуда аз довталаб дар баробари маълумоти дахлдор ҳамчунин донистани забони давлатӣ низ талаб карда мешавад.
Зимни суханронии худ дар робита ба ин масъала раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки талаботи мазкур меъёри Сарқонуни кишвар буда, риояи он дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. «Мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» дар саросари кишвар мукотибаи расмӣ миёни субъектҳои ҳокимияти давлатӣ бояд танҳо бо забони давлатӣ сурат гирад», - таъкид сохт ӯ.
Зимни ибрози андешаи худ роҷеъ ба масъалаи мазкур намояндаи мардумӣ Саттор Холов зикр кард, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳои мазкур, ҳамаи хоҳишмандони ишғоли мансаб дар хадамоти давлатӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи ҳукумати кишвар оид ба сатҳи донишашон аз забони тоҷикӣ санҷиш месупоранд.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста