Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар ба кори дигар гузаштан котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов аз мансаб сабукдӯш гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фармон дар таърихи 23-юми май ба имзо расида, ба вазифаи котиби Шӯрои амният то ҳанӯз касе таъин нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов рӯзи 15 –уми май аз ҳавзаи якмандатии интихоботии № 4-и ноҳияи Синои пойтахт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид.
Рӯзи чаҳоршанбе, 25-уми майи соли ҷорӣ, дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар Амирқул Азимов ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб гардида, ба ҳайати Шӯрои парлумонӣ шомил шуд.




Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста