Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров озими шаҳри Сеул гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сафари мазкури ҳайати Тоҷикистон бо даъвати раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Пак Хи Та сурат гирифта, дар ҷараёни сафар дидори ҳайат бо ӯ ва ҳамчунин роҳбари Гурӯҳи парлумонии дӯстии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея Ким Янг Хван, вазири умури хориҷӣ ва савдо Ким Хванг Суан, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар Ли Чай Пил баргузор хоҳад шуд.
Ба қавли М.Султонов, пагоҳ дар шаҳри Сеул Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд, мулоқот хоҳад орост. «Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон аз корхонаи истеҳсоли автомобилҳои «GM»-и воқеъ дар шаҳри Бупин, ширкати коркарди партовҳо ва Пажӯҳишгоҳи миллии улуми истеҳсолии ин кишвар низ боздид карда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно мегардад», - афзуд номбурда.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста