Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз бо фармони президенти Тоҷикистон дар назди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Муассисаҳои давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, тибқи фармони президент Носир Салимов, ки қаблан ба ҳайси ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ифои вазифа менамуд, директори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин карда шуд.

Бо фармони дигари сарвари давлат Абдувалӣ Шарифов, собиқ роҳбари Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Беҳзод, директори МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршедҷон Зиёев, ки вазифаи сардори хадамоти давлатии назорат дар бахши маорифи назди Вазорати маорифро ба ӯҳда дошт, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон таъин шуд.