Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палатаи поёнии парлумони кишвар тасҳеҳоти навбатӣ ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод кардани Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон ворид кардани як миқдор аслиҳаву муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва чархболҳо пешбинӣ мегардад.

Ба гуфтаи вакил, ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумон ҳамчунин дархост кардааст, ки воридоти ду дастгоҳи томографии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

«Ғайр аз ин, дархост карда мешавад, ки воридоти 1 млн. телефонҳои хонагӣ ба ҷумҳурӣ, ки дар манзилҳои қишри камбизоати аҳолӣ насб карда мешаванд, низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакил зикр кард, ки ҳоло мушаххасан маълум нест, ки аз ин тасҳеҳот ба буҷети давлатӣ чӣ қадар маблағ ворид намешавад.