Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон зимни ба нафақа баромадан ва маъюбӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон зимни ба нафақа баромадан ё маъюби гурӯҳи якум  шудан вакилони парлумон ба гирифтани кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштсола ҳуқуқ доранд.

«Пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои вакилоне,, ки ба нафақа мебароянд ё маъюб мешаванд, аз ҷониби ҳукумати муқаррар карда мешавад», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилон дар ҳолатҳои зикршуда нисбат ба нишондиҳандаи феъӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, ин тадбир баҳри сарфаи воситаҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.