Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи «Рӯйхати шахсонеро, ки барои хизматҳои шоиста ба Тоҷикистон ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд», ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон Хайринисо Юсуфӣ хабар дод, ба Рӯйхат шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо орденҳои Иттиҳоди Шӯравиву Тоҷикистон сарфароз гаштаанд ва широни халқӣ , нависандагон, рассомон, ҳунарпешагон ва арбобони шоистаи кишвар шомиланд.

«Ба андешаи мо, ин Рӯйхатро мебояд зиёдтар кард, зеро дар кишвар шахсоне низ зиндагӣ мекунанд, ки тӯли тамоми умри худ софдилона кору хизмат намуда, вале бо орденҳову унвонҳои баланд қадрдонӣ нашудаанд. Масалан, як зумра шахсоне ҳастанд, ки бидуни камбудиҳо солҳо ба вазору идораҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ карда, дар рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар саҳми босазо гузоштаанд», - гуфт Х.Юсуфӣ.