Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби сарвари давлат рӯзи душанбеи ҳафтаи равон ба имзо расид, Ҳаёт Одинаев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори дигари ҳукумат ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Маҳмаисуф Имомов ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Нуралӣ Салихов, ки қаблан ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ифои вазифа мекард, ректори нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар навбати худ, Абдулло Табаров ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ таъин гардид.