Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ сафар кард.

Дар ҷараёни сафар ба ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Рӯшону Хоруғ ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкат хоҳад варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мулоқоту суҳбатҳои бевосита бо мардуми касбу кору гуногун ва маҷлиси машваратӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз ҳадафҳои асосии ин сафар аст.