Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ дар ин ноҳия шинос шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар сохтмону таҷҳизи ин корхона наздики 200 нафар бо кор таъмин шудаанд ва тадриҷан шумораи бинокорон ба 480 нафар хоҳад расид.
Корхона дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад. Навбати аввали он моҳи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он солона то 450 ҳазор тонна оҳанпора коркард хоҳад шуд. Аз оҳанпора дар он арматура, профил ва дигар масолеҳи металлии сохтмон бо қутрҳои гуногун истеҳсол хоҳад шуд.
Дар навбати дуюми корхона бошад, истеҳсоли чунин маҳсулот аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳо, ки аз конҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дастрас мешавад, ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.




Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста