Чанде қабл таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми палатаи болоии парлумон тасдиқ шуд.

Ба қавли вай, ба рӯзномаи иҷлосия баррасии 36 қонунҳо, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буданд, ворид гардиданд.

«Дар ҷаласаи Шӯро аз ҷумла Қонунҳои ҶТ «Дар бораи Кодекси шаҳрсозӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атморсфера» ва ғайра баррасӣ шуда, тағйири номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин низ тасдиқ хоҳад шуд», - зикр кард Саидов.