Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарор кард, ки санаи 25-уми декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масоили иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009 ва 2020 музокироти парлумонӣ доир карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, перомуни ин масоил дар назди вакилони парлумон мақомоти раҳбарии Вазорати молия, Вазорати энергетитка ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» ҳисобот хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ Тоҷикистон, ваикли парлумон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов дар ин робита изҳор намуд, ки «дар музокироти парлумонии қарибулвуқӯъ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасиву таҳлили ҷиддӣ қарор мегирад».
«Дар Кумитаи энергетикаву саноат, сохтмон ва коммуникатсияи парлумон мо барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон як бастаи ҳуҷҷату тавсияҳо таҳия намудем ва ман мутмаинам, ки аз ҷониби ҳукумат нодида гирифтани онҳо, ба оқибатҳои ногувор боис мегардад», - таъкид кард Шабдолов.




“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста