Шоми рӯзи 11-уми феврал ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ташриф хоҳад овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи дигар, 12-уми феврал гуфтушунидҳои Шувалов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҶТ Оқил Оқилов ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар дар назар аст.

«И.Шувалов ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нимаи аввали рӯзи 13-уми феврал дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзида, аз рӯи натоиҷи он имзои созишномаҳои дуҷониба оид ба мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни сафари расмии президенти ФР ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 дар назар аст, ки пеш аз ҳама, ба созишномаҳо дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ва ба чанде аз имтиёзот соҳиб шудани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия марбут мебошад», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон, Русия ҳамасола Тоҷикистонро бо 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни ситонидани боҷи содиротӣ таъмин намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷик ба ивази 3 шабонарӯзи кунунӣ то 15 шабонарӯз бидуни бақайдгирӣ дар қаламрави Русия қарор дошта метавонанд.