Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қонуни нави ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» якдилона ҷонибдорӣ гардид.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов қайд кард, ки қонуни мазкур ба демократикунонии минбаъдаи ҷомеа ва ҳимояи озодии баён нигаронида шуда, имрӯз ВАО-и ҷумҳурӣ дар ташаккули афкори ҷомеа оид ба масоили гуногун ва мушкилоти кишвар саҳми босазо доранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ҳимояти манфиатҳои умумимиллӣ бархоста, аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ менамоянд.

Раиси палатаи болоии парлумон М.Убайдуллоев аз узви палата, роҳбарону вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки меъёрҳои қонуни нави кишвар «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро мӯшикофонаву ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

«Бо наздикӣ моро лозим меояд, ки аз рӯи бандҳои ин қонуни қабулмешуда назди ҷомеа ҷавоб бигӯем», - гуфт М.Убайдуллоев.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми декабри соли гузашта қонуни мазкур дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд. Ба эътиқоди вакилон, яке аз бандҳои муҳими қонун дар муддати се рӯз ба муроҷиати ВАО посух гуфтани мақомоти давлатӣ аст, ки қаблан он 1 моҳ муқаррар шуда буд.