Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дар бораи манъи издивоҷ миёни хешутаборони наздик пешниҳод шуданд.
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи ин тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева дар ин робита изҳор намуд, ки тағироту иловаҳои мазкур пеш аз ҳама ба ҳифзи генофонди миллат, солимии насли навраси ояндаи кишвар нигаронида шудаанд. «Охир ҳамагон воқифанд, ки аз оилаҳои миёни хешовандони наздик барпошуда кӯдакони маъюбу носолим ба дунё меоянд», - иброз дошт вай.
«Тақдири афгори кӯдакони нокомили аз никоҳи миёни хешовандон тавлидшуда маро водор намуд, ки ворид намудани ин тағйироту илова ба Кодески оилаи ҶТ-ро пешниҳод намоям», - таъкид дошт вакили парлумон.
Ба қавли вакил, тағйироту иловаҳои аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда дар ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ баррасӣ гардида, қарор шуд, ки аз ҳисоби вакилони парлумон, олимон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ оид ба омӯзиши масъалаи мазкур як гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
«Гурӯҳи кории мазкур бояд дар муддати ду моҳ ин масъаларо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он хулосаҳои худро пешниҳод намояд», - изҳор кард Амиршоева.
Номбурда изҳори итминон кард, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодкардаи ӯ мавриди дастгирии ҳукумат ва палатаҳои парлумон қарор хоҳанд гирифт.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
карими умедвор27 март, 2013 22:02
Мавзуъи матрах намудаи Саодат Амиршоева мавзуъи чолиб аст. Мунтахо бо дар назардошти матни сарихи курони карим ба сурати конунан манъ намудан аз руи ахлок намебошад. Мухолифат бо курон намудани ин пешниход равшану возих аст. Аммо агар институтхои ичтимои дар мехвари ин масала кор пеш бигиранд, ва ба мардум бо мантику бо илм мавзуъро дар миён бигузоранд , хам барои хукумат ва хам барои мардум кобили кабул мебуд. Масала масалаи лозим аст,бояд, ки руяш кор шавад. Мавзуъ бояд ба тавре бояд бошад, ки хуб ва хубтар ва нек ва нектар дар миён бошад на харгиз манъ. Чунки конуни илохи ниёз ба тагиру илова надорад. Бо мардум кор аз тарики зиёд шудани хешовандон ва ба хам омадани хонаводахои гуногун аз манотики гуногун ва истихкоми дусти байни авлодхои минтакахо боясти матрах гардад ва ин ба сурати расм дарояд хубтар мебошад, аммо на манъи конуни. Конун ки конуни Худованд аст онро ба сурати решаи ичозат дода аст ва хеч ахаде хукуки манъи онро надорад.