Дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёни парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи судҳо», «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи илм» ва «Дар бораи ҳиязи солимии аҳолӣ» баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов, тамоми масоили дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МНМО ҶТ, ки санаи 22-юми май баргузор мешавад, ворид карда шуданд.