Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, лоиҳаҳои тағйироту иловахо ба 14 қонун баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот» дар назар аст.

Ғайр аз ин вакилони мардумӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси оила, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд.