Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки майдони умумии манзилҳои нав 43 ҳазор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ - 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,имрӯз дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки боо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои боғчаи кӯдакона, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад.
Биноҳои муосири 12-ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шуда, манзилҳои истиқоматӣ, аз як то панҷҳуҷрадор ва дар маҷмуъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд.
Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат муассисаҳои томактабӣ - 280 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ - 1200 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 1500 нафар ва баъди сохтмон беш аз 2100 нафарро ташкил медиҳад.




Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста