Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин бино имкон аст, ки 5000 донишҷӯ дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронсӯҳо, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, ошхона ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ ҷойгир гардида, 7 факулта чой дода мешаванд.

Ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазору дусад нафар ҷойи нишаст бунёд хоҳад гашт. Дар асоси лоиҳаи теҳрезишуда масоҳати бинои сохтамешуда як гектарро ташкил дода муҳлати сохтмони он аз 3 то 5 сол ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Аз ҷониби Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки то имрӯз аз надоштани ҷои зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд ру ба ру буданд манзили зист туҳфа карда шуд.





