Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи палатаи поёнии пардумон вакилон раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмуҳамммадзодаро аз афзоиши норозигии мардум нисбати кори бахши бонкӣ ҳушдор доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» изҳор дошт, ки имрӯз мизоҷони якчанд бонкҳои ҷумҳурӣ пасандозҳои пулии худро гирифта наметавонанд. «Қарзҳои бо фоизҳои баланд додашудаи бонкҳо одамонро муфлису бехонумон ва соҳибкоронро бидуни маблағ гузоштаву аз фаъолияташон дилсард карда истодаанд», - гуфт ӯ.

Раиси БМТ қайд кард, ки дарвоқеъ ҳам вазъи бонкҳои ҷумҳурӣ ташвишовар буда, вале роҳи халосӣ вуҷуд дорад. «Комиссияи корӣ таҳти раёсати нахуствазир Қоҳир Расулзода дар ин самт фаъолият дорад ва ояндаи наздик вазъ рӯ ба беҳбудӣ меорад», - итминон дод ӯ ба вакилон.

Ба иттилои раиси БМТ, тӯли ду соли ахир ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия қариб 50% коҳиш ёфтааст, вале аз ифшои маълумоту рақамҳои саҳеҳ дар ин хусус худдорӣ кард.

Вакил Рустам Қудратов аз ХХДТ қайд кард, ки дар қабули ин қонун набояд ба шитобкорӣ роҳ дод. «Бо кадом сабаб ваколатҳои КДАМ дар пайгирии маблағгузорӣ ба терроризм ва пулҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ба бахши назорати БМТ дода мешаванд, - савол дод ӯ зимни баррасии лоиҳаи қонун. - Мувофиқи меъёрҳои ин қонун, БМТ ба санҷиши қонунӣ будани интиқоли маблағҳои пулии беш аз 2 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ пайдо мекунад ва ман ба ин боварам, ки ин тадбир ба бесарусомонӣ боис мегардад», - иброз дошт ӯ.

Дар посух ба ин тарз масъалагузории вакил ёвари президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода зикр кард, ки санҷиши қонунӣ будани интиқоли маблағҳои пулӣ тавсияи ФАТФ (Financial Action Task Force on Money Laundering — FATF) - созмони байниҳукуматӣ аст, ки ба таҳияи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар бахши муқовимат бо даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузорӣ ба терроризм машғул мебошад.

Ватанзода қайд кард, ки мутобиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта, департаменти мониторинги молиявии БМТ дар сурати дар амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ иштирок кардани афроде, ки шахсияташон муайян нест, ба санҷиши қонунӣ будани интиқоли маблағҳои пулии беш аз 2 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ пайдо мекунад .

Пас аз музокираҳо вакилон лоиҳаи қонуни мазкурро маъқул донистанд.

Тоҷикистон узви FATF нест, вале бо ин созмон дар доираи Гурӯҳи авросиёӣ оид ба муқовимат бо қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузорӣ ба терроризм (ЕАГ) ҳамкорӣ мекунад, ки давлатҳои Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он мебошанд.