Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт боздид намуда, бо кормандони он мулоқот кард.
Раиси шаҳр кормандони милитсияро бо иди касбиашон - Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзу кард.
Дар баробари зикр дастовардҳо, раиси пойтахт ҳамчунин як қатор камбудиҳо дар кори кормандони милитсияро қайд намуда, зарурати тақвияти чорабиниҳои пешгирӣ дар самти аз байн бурдани савдои кӯчагӣ дар шаҳррро таъкид намуд.
Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр ҷиҳати чораҷӯйӣ дар самти ба тартиб даровардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ дастурҳо дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони милитсия раиси пойтахт ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 15 адад автомашинаҳои тамғаи «Шкода-Октавия», истеҳсоли соли 2016-ро тақдим кард.



