Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 22 ноябр дар Кохи миллат сафирони тозатаъини 15 кишварро ба ҳузур мепазирад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафирони Фаронса, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Шри Ланка, Бангладеш, Ватикан, Зеландияи Нав, Молдова, Австрия, Юнон, Чехия, Италия ва Нидерланд ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро месупоранд.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи оянда президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов низ дидору гуфтушунид мекунад, ки рӯзҳои 24-25 ноябр бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.



