Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти пешвои мардуми Куба Фидел Кастро Рус ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари мусибати сангину ҳузнангези мардуми дӯсти Куба — вафоти пешвои он Фидел Кастро Рус боиси андӯҳи бепоёни мо гардид».
«Хотироти Фидел Кастро Рус ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи байналмилалии ӯ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштаанд», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷоми барқия ба Раул Кастро Рус, ҳамаи пайвандону наздиконаш, ҳамчунин ба тамоми мардуми Куба таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқӣ изҳор мешавад.



