Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷадвали нави қабули шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он минбаъд раиси шаҳр ва муовинони ӯ қабули шаҳрвандонро 6 рӯз дар 1 ҳафта ба роҳ мемонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз соати 09-00 то 12-00 шаҳрвандонро шахсан Маҳмадсаид  Убайдуллоев қабул мекунад.

Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовинони раиси пойтахт тариқи зайл муқаррар шудааст: муовини аввал Расулбек Ашӯров - рӯзҳои душанбе; муовинон: Низом Ҳакимов - рӯзи сешанбе; Шакарбек Самадов - чоршанбе; Шавкат Мақсудзода - панҷшанбе ва Ҷамила Лангариева - ҷумъа аз соати 17-00 то 19-00.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони худ дастур додааст, ки ба ҳамаи муроҷиату дархостҳо ва арзу шикоятҳои хаттиву шифоҳӣ ва ҳамчунин тариқи интернет ирсолшудаи шаҳрвандон саривақт ва дар сатҳи зарурӣ расидагӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки қаблан роҳбарони мақомоти шаҳрдори шаҳри Душанбе шаҳрвандонро асосан рӯзҳои шанбеи ҳафта қабул мекарданд.