Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт мулоқот мекунад. Ба ин вохӯрӣ намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт, рӯзноманигорон, роҳбарони ҳарду палатаи парлумон ва аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Вохӯрӣ рӯзи 15 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ раиси тозатаъини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи вазъи корҳо дар пойтахт гузориш хоҳад дод.

Дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт сарвари давлат назди ҳукумати кишвар ва раҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ оид ба рушди пойтахти ҷумҳурӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои нав хоҳад гузошт.

Қобили зикр аст, ки санаи 12 январ бо фармони сарвари давлат тамоми ҳайати раҳбарии мақомоти шаҳрдории Душанбе иваз ва писари калонии президент Рустами Эмомалӣ раиси пойтахт таъин шуд.