Субҳи рӯзи 9 май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гузашти низомӣ доир мегардад.
Ба сафороии низомиён мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул мекунад.
Дар маросими гузашти низомӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба сифати меҳмонони фахрӣ як гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат ҳузур хоҳанд дошт.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, пеш аз оғози гузашт маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаина пос медоранд.
Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Баъди анҷоми гузашт маросими савгандёдкунии наваскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон даъват шудаанд, барпо мегардад.




