Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид» ба парлумон пешниҳод кардааст, ки дар он рӯзи 30 январро ҳамчунин ҷашни Сада таҷлил кардан пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки аз замонҳои қадим ҷашни Сада панҷоҳ рӯз пештар то фарорасии Иди Наврӯз, 10-уми моҳи баҳман (30 январ) таҷлил мегардид. Расму оин ва анъанаҳои мардуми ориёнажод таърихи сеҳазорсола дошта, бештар дар ҷашнҳое ба монанди Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра зоҳир мешаванд.
Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 15 октябр ҳамчун иди Меҳргон ва Рӯзи коркунони бахши кишоварзӣ ҷашн гирифта шавад.
Ҳукумат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун - Рӯзи кормандони суд ҷашн гирифта шавад ва ин сана тасодуфӣ интихоб нашуда, маҳз рӯзи 26 октябри соли 1929 Суди олии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста