Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хиросима ташриф оварда, бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Дар музофоти Киото Президенти Тоҷикистон бо Волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва Раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава мулоқот карда, дар сухани шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.
Баъди истиқболи самимии намояндагони воломақоми ҳукумати музофот ва шаҳри Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳри қадима аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Гуфта мешавад, майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста